Нишондиҳандаи асосии инъикоскунандаи рушди иқтисодию иҷтимоӣ дар сатҳи вилоят ин Маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ буда, дар ҷамъбасти соли 2018 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти минтақавии вилоят ба 18,3 млрд сомонӣ ва суръати афзоиши он ба 106,9 фоиз расонида шуд. Ин нишондиҳанда нисбат ба соли қаблӣ 1,6 млрд. сомонӣ ва нисбат ба соли 2014 6,8 млрд. сомонӣ зиёд буда, бозгӯи таъмин гардидани суботи макроиқтисодии минтақа мебошад.
Таъмин гардидани афзоиши бомароми нишондиҳандаҳои савдои яклухту чакана ва хизматрасонии пулакӣ бозгӯи дар мувозина қарор доштани бозори истеъмолӣ ва тадриҷан беҳтар гардидани сатҳи некуаҳволии аҳолии вилоят мебошад. Дар соли 2018 ҳаҷми умумии гардиши савдои яклухту чакана ба 11,1 млрд. сомонӣ расонида шуда, суръати афзоиш 119,4 фоиз таъмин гардид. Ин нишондиҳанда нисбат ба соли қаблӣ 1,8 млрд. сомонӣ ва нисбат ба соли 2014 ба маблағи 5,6 млрд. сомонӣ зиёд мебошад.
Ҳаҷми умумии хизматрасонии пулакӣ дар ҷамъбасти соли 2018 ба 3,5 млрд. сомонӣ ва суръати афзоиш ба 105,3 фоиз расонида шуда, новобаста аз таъсири бӯҳрони молиявии тайи солҳои охир тӯлкашида рушди муназзами соҳа таъмин карда шуд. Афзоиши ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ нисбат ба соли 2017 ба маблағи 177,8 млн. сомонӣ ва нисбат ба соли 2014 ба маблағи 621,9 млн. сомонӣ ба ҳисоб гирифта шудааст.
Нишондиҳандаи миёнаи нафақа дар вилоят дар соли 2018 ба 296,90 сомонӣ баробар шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 38,00 сомонӣ зиёд шудааст.
Индикатори калидии беҳтар гардидани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ ин нишондиҳандаи музди миёнаи меҳнат маҳсуб меёбад. Бо таъмин шудани рушди босуботи иҷтимоию иқтисодии вилоят барои тадриҷан зиёд намудани музди миёнаи меҳнат имконият фароҳам оварда мешавад. Музди миёнаи меҳнат дар вилоят дар ҷамъбасти соли 2018 ба 1074,90 сомонӣ баробар шуда, афзоиш нисбат ба соли қаблӣ 71,40 сомониро ташкил додааст. Ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2014 ба маблағи 439,00 сомонӣ ё 1,7 маротиба зиёд шудааст.