Саноат

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят иқдоми навбатии Сарвари давлатро бобати эълон намудани саноатикунонии босуръати кишвар, ҳамчун ҳадафи чаҳоруми миллӣ, бо хушнудӣ пазируфта, баҳри таҳкими нуфузи вилоят ҳамчун минтақаи саноатии мамлакат, ба кор андохтани иқтидорҳои нав, роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти нави рақобатноку воридотивазкунанда, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, густариши  иқтидори  содиротии вилоят тамоми захираву имкониятҳоро сафарбар карда истодааст.

Ба таъсири манфии омилҳои беруна нигоҳ накарда, давоми соли 2018 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилоят ба маблағи 11,3 млрд. сомонӣ расонида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта суръати бо назардошти индекси нархҳо 108,2 фоиз таъмин гардид.

Дар самти истеҳсоли маҳсулоти ба содирот нигаронидашуда, бахусус семент пешравиҳо назаррас мебошанд. Истеҳсоли семент дар соли 2018 ба 1742,3 ҳазор тонна баробар шуда, афзоиш нисбат ба соли 2017 дар сатҳи 102,4 фоиз ё 235,0 ҳазор тонна таъмин гардид. Нисбат ба соли 2014 ҳаҷми истеҳсоли семент 1064,7 ҳазор тонна афзуда, дар соли 2018 ҳамагӣ 489,0 ҳазор тонна семент ба содирот бароварда шудааст, ки нисбати соли 2017 ба миқдори 238,3 ҳазор тонна зиёд мебошад.

Истеҳсоли маҳсулоти энергетикии ивазкунандаи воридот, бахусус ангиштсанг сол аз сол тавсеа ёфта, ҳаҷми истеҳсоли ангиштсанг дар соли 2018 нисбат ба соли 2017 ба миқдори 308,9 ҳазор тонна афзуда, ба 1135,4 ҳазор тонна расонида шуд. Нисбат ба соли 2014 ҳаҷми истеҳсоли ангиштсанг 20,4 баробар афзуда, барои фаъолияти мунтазами соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии вилоят заминаи мусоид фароҳам оварда шуд.