Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафари кории худ ба ноҳияи Зафаробод, ки рӯзи 13 июн сурат гирифт, бо фаъолияти хоҷагидорони хоҷагии деҳқонии “Камола” шинос гардид.
Чуноне зимни шиносоии Раиси вилоят иттилоъ дода шуд, хоҷагии деҳқонии “Камола” аз ҷумлаи хоҷагиҳои пахтакори ноҳия маҳсуб ёфта, соли 2014 ташкил шудааст. Замини саҳмдорони хоҷагӣ 10 гектар буда, дар он пахтаи навъи хитоӣ кишт карда шудааст. Read more

13 июн Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҷиҳати шиносоӣ бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ ба ноҳияи Зафаробод сафар намуд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари кории худ ба ноҳияи Ҷаббор Расулов, ки рӯзи 9 июн сурат гирифт, бо фаъолияти боғпарварони хоҷагии деҳқонии ба номи Ҷаббор Расулов шинос гардид.
Бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни таърихии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов сохтмони беш аз 300 иншооти гуногун ба нақша гирифта шудааст.
10-уми июни соли равон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода намояндагони Бонки ҷаҳонӣ ва Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт.


