Санаҳои 23-27 июли соли равон гурӯҳи корӣ бо роҳбарии Мӯсобек Мироватов — Раиси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилоят ҷиҳати омодагии муассисаҳои таълимӣ ба шаҳрҳои Исфара, Конибодом ва Хуҷанд сафари корӣ анҷом дода шуд. Дар рафти сафари гурӯҳи корӣ маълум гардид, ки роҳбарони муассисаҳо то ба имрӯз корҳои назаррасро ба анҷом расонидаанд. Соли ҷорӣ бинобар паҳн гардидани пандемияи коронавирус КОВИД — 19 таътил дар муассисаҳо пеш аз вақти муайян оғоз гардид ва омодагӣ ҷиҳати таъмиру тармими муассисаҳо бармаҳал оғоз шуд.
Дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо бо фармоиши сардорони раёсату шуъбаҳои маориф ситоди омодагии муассисаҳои таълимӣ дар соли хониши 2020-2021 ташкил карда шудааст, ки раисони КИК маорифи шаҳру ноҳияҳо аъзои ин ситод мебошанд. Ҳар ҳафта як маротиба аъзоёни ситод ҷамъ омада, рафти омодагии муассисаҳои таълимиро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд. Тавре ки таҳлилҳо нишон доданд, соли равон омодагии муассисаҳо ба соли нави хониш нисбати соли гузашта хубтару беҳтар ба роҳ мода шудааст. Мӯсобек Мироватов зимни боздид аз муассисаҳои таълимӣ қайд намуд, ки дар асоси дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати оқилонаю самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаб қитъаи замин, дар майдончаҳои наздимактабӣ оиди ин масъала корбарӣ намуда, кабудиву сабзавот вобаста ба масоҳати замин киштукор намоянд. Лозим ба ёдоварист, ки имсол роҳбарони муассисаҳои таълимӣ заминҳои наздимактабиро самаранок истифода бурда, дар он помидору бодиринг ва дигар зироатҳо кишт намудаанд.
Зимни санҷиш муайян гардид, ки дар аксарияти муассисаҳои соҳаи маориф ҷиҳозонидани утоқҳои корӣ, ободонии гирду атроф, рангу бори биноҳо, таъмири мизу курсиҳо, кабудизоркунӣ ва дигар корҳо ба пуррагӣ ба анҷом расонида шуданд. Дар асоси иттилои Раисони КИК то ба санаи 7 август омодагии муассисаҳо дар вилоят 91,2% — ро ташкил менамояд.
Барои таъмири муассисаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо дар сметаи хароҷот маблағ пешбинӣ намудаанд, ки корҳои таъмиру тармим аз ҳисоби он ҷараён дорад. Аммо хоҳишмандон, кумитаи падару модарон ва соҳибкорони ватандӯст низ саҳми худро дар ободии муассисаҳо гузошта истодаанд.
Барои таъмини хонандагон бо сару либоси ягонаи мактабӣ, дар асоси дархости маъмурияти муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳо мувофиқи эҳтиёҷоти хонандагон бо фабрикаҳои духти либосҳо шартнома ба имзо расонидаанд.
Дар маҷмуъ муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳо барои соли нави хониши 2020-2021 омода мебошанд. Ба директорони муассисаҳои таълимӣ он камбудиҳое, ки ҳангоми санҷиш ошкор гардиданд ҷиҳати бартараф намудани он то санаи 10.08.2020. муҳлат дода шуд.