Навид

Фестивал – озмуни “Оши палав” баргузор гардид!

alt Санаи 24 августи соли 2017 дар Маҷмааи таърихию фарҳангии “Қалъаи Хуҷанд”-и маркази вилоят бо мақсади ташвиқу тарғиби фарҳанги рӯзгордорӣ, эҳё ва рушди анъана ва суннатҳои мардумӣ ва дар доираи чорабиниҳо бахшида ба 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фестивал – озмуни “Оши палав” баргузор гардид.

Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва Раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Шодихон Ҷамшед пас аз анҷоми намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзиву саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ, либосворӣ, асбобҳои мусиқӣ ва таомҳои миллии мардуми ВМКБ ба макони баргузории Фестивал – озмуни “Оши палав” омода, бо ҷараёни омодасозии Оши палави иштирокчиёни ҷашнвора шинос гардиданд.

Дар баробари сокинони вилоят меҳмонон-иштирокчиёни Ҳафтаи фарҳанги Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар вилояти Суғд низ ба макони баргузории Фестивал – озмуни “Оши палав” ташриф оварда, аз таоми омодакардаи ошпазҳои вилоят тановул намуданд. Дар ин фестивал беш аз сад нафар ошпазони моҳир аз тамоми шаҳру навоҳии вилоят ширкат варзида, дар сад дег навъҳои гуногуни палави тоҷикиро омода ва пешниҳод намуданд.

Дар доираи Фестивал – озмуни “Оши палав” инчунин озмунҳои анъанавии “Ошхури беҳтарин” ва “Дастони моҳир” гузаронида шуданд. Дар бахши “Ошхури беҳтарин” 20 нафар дӯстдорони оши палав иштирок намуданд.

Дар поёни Фестивал – озмуни “Оши палав” ғолибони озмун дар бахшҳои гуногун муайян ва бо диплому мукофотҳои пулии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд сарфароз гардонида шуданд. Аз ҷумла, Фурқат Буриев аз ноҳияи Ашт дар бахши “Ошхури беҳтарин” ва Ғуфрон Обидов аз ноҳияи Ҷаббор Расулов дар бахши “Дастони моҳир” ғолиб дониста шуда, ҳар кадоме бо диплом ва ду ҳазор сомонӣ қадрдонӣ гардиданд.

Ҳамзамон, ғолибият дар бахши “Ошпази беҳтарин дар байни арӯсон” насиби намояндаи ноҳияи Спитамен, дар бахши “Ошпази беҳтарин байни домодҳо” насиби намояндаи шаҳри Хуҷанд, дар бахши “Ошпази беҳтарин байни занон” насиби намояндаи ноҳияи Зафаробод, дар бахши “Ошпази беҳтарин байни мардон” насиби намояндаи шаҳри Конибодом, дар бахши “Ошпази беҳтарин байни занҳои куҳансол” насиби намояндаи ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ ва дар бахши “Ошпази беҳтарин байни муйсафедон” насиби намояндаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гардида, ба ҳар яке аз ғолибон диплом ва 1000 сомонӣ тақдим карда шуд.

Дар бахши “Оши палави беҳтарин” намояндаи ноҳияи Ҷаббор Расулов ғолиб дониста шуда, бо диплом ва 5 ҳазор сомонӣ қадршиносӣ шуд. Ҷойи дуюми ин бахшро намояндаи шаҳри Исфара ба даст оварда, соҳиби се ҳазор сомонӣ гардид.

Намояндагони шаҳру навоҳии Мастчоҳ, Бӯстону Гулистон, Панҷакенту Айнӣ ва Деваштичу Истиқлол, Истаравшан ва Шаҳристон низ барои иштироки фаъолона дар Фестивал-озмуни “Оши палав” бо туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ карда шуданд.


altaltaltaltaltalt

Фестивал-озмуни “Оши палав” - 2017

altСанаи 24 августи соли 2017 бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар маркази вилояти Суғд шаҳри Хуҷанд Фестивал-озмуни “Оши палав” гузаронида мешавад.

Фестивал-озмуни “Оши палав” дар Маҷмааи таърихию фарҳангии “Қалъаи Хуҷанд” баргузор мешавад ва дар он ошпазҳои беҳтарини шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд иштирок менамоянд.

Ҷоиз ба таъкид аст, ки соли 2016 дар ҷаласаи 11-уми байнидавлатии ЮНЕСКО оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ Оши палав расман ба Феҳристи ЮНЕСКО оид ба мероси фарҳанги ғайримоддӣ ворид гардидааст.

alt

Дурнамоӣ Бонки Ҷаҳонӣ барои 3 соли оянда

alt

Ярмаркаи байналхалқии савдо “Суғд-2017”

alt Санаи 16 – 17 июни соли 2017 ярмаркаи байналхалқии савдо “Суғд-2017”, ки чор сол инҷониб бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва бо мақсади дастгирии рушди савдои байналмилалӣ, баланд бардоштани нерӯи содиротӣ, ба роҳ мондани ҳамкории судманд бо давлатҳои хориҷии дуру наздик, ҷалби сармоягузорӣ ва воридоти технологияҳои муосир, ба намоиш гузоштани меваю сабзавоти тару тоза, хушкмеваҳо, намудҳои гуногуни маҳсулоти саноатӣ ва маҳсули ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд, беш аз 200 нафар соҳибкорону тоҷирон ва намояндагони ширкатҳои дохилию хориҷӣ, намояндагон аз 10 давлати дунё ва 23 ташкилоти байналхалқӣ ширкат варзиданд, ки аз баланд гардидани нуфузи ин чорабинӣ гувоҳӣ медиҳад.Бояд гуфт, ки ярмаркаи мазкур дар муддати кутоҳ аз чорабинии минтақавӣ ба намоишгоҳи байналмиллалӣ табдил ёфтааст, ки аз нуфузи баланди он дарак медиҳад.

Мақсади ташкили ярмаркаи байналхалқии савдо - ин мустаҳкам намудани тиҷорати дарозмуддат ва робитаҳои ҳамкорӣ байни ҷомеаи соҳибкории вилояти Суғд ва дигар минтақаҳои Тоҷикистон бо ширкатҳои тиҷоратӣ, муштариёни эҳтимолӣ, сармоягузорон ва доираҳои соҳибкории кишварҳои хориҷӣ тавассути таъмини платформа барои нишон додани қобилият ва имконоти иқтисоди вилояти Суғд ва таҷрибаи пешқадами кишварҳои дуру наздики хориҷӣ мебошад.

alt

Дар маросими ифтитоҳи ярмаркаи савдо муовини Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ ва меҳмонони чорабинӣ-намояндаҳои минтақавии давлатҳои иштирокчӣ, намояндагони корпусҳои дипломатию тиҷоратӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ ширкат варзиданд. Муовини Раиси вилоят иштирокчиён ва меҳмонони намоишгоҳро аз номи роҳбарияти вилоят хайрамақдам гуфта, изҳор дошт, ки доираи ярмарка соли равон боз ҳам васеъ гардидааст.Дар оғози Ярмаркаи байналхалқии савдо “Суғд-2017” инчунин намояндаи Парлумони кишвар Шариф Рахимзода, сафири фавқулодда ва мухтори Белорусия дар Тоҷикистон Олег Иванов, намояндаи тиҷоратии Федератсияи Россия Михаил Кораблин, директори Барномаи рушди СММ Ян Харфст, роҳбари Бонки рушди Олмон Кристин Лабс, роҳбари Бонки таҷдид ва рушди Аврупо дар Тоҷикистон Айтен Рустамова, роҳбари палатаи савдо ва саноати шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон Файзулло Маманов ва муовини аввали раиси шаҳри Могилёви Ҷумҳурии Белорус Александр Патёмкин сухан карда, изҳор намуданд, ки ташкили чунин чорабинии сатҳи байналмилалӣ ва дар маҷмуъ рушди соҳаҳои гуногуни кишвар пеш аз ҳама ба сиёати оқилонаи Сарвари давлати Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста аст.Иштирокчиёни ярмарка қабл аз ҳама ният доранд роҳҳои самарабахши ҳамкориҳои тарафайнро бо соҳибкорону тоҷирон ва ширкатҳои истеҳсолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дарёфт намуда, доираи ин ҳамкориҳоро дар оянда васеъ намоянд.

Дар ярмарка инчунин намояндагони корхонаҳои саноати сабук ва бофандагӣ, истеҳсоли маҳсулоти сохтмон, намояндагони ширкатҳои тиҷоратӣ, бонкҳо, ташкилотхои молиявӣ, хизматрасониҳои машваратӣ, лизинг, нақлиёт ва ҳунарҳои миллӣ аз минтақаҳои гуногуни кишвар ширкат варзида, дастовардҳои охирини худро ба маърази тамошо гузоштанд. Хушбахтона, соҳибкорони тоҷик имрӯз баробари тараққиёти илму техникаи муосир ба истеҳсоли маҳсулоти инноватсионӣ низ шуруъ кардаанд.Доираи ярмарка инчунин муаррифии ширкатҳои Тоҷикистон, вохӯриҳои шахсӣ ва гуфтушунидҳо, мастер-синфҳо, муаррифии намояндагони ширкатҳо аз кишварҳои хориҷӣ, рузи дархои кушод ва форуми доираҳои соҳибкориро фаро хоҳад гирифт. Ярмаркаи байналмилалии савдо "Суғд-2017" тайи ду руз дар Қасри варзиш идома хоҳад кард.

Чораҳои бартараф намудани қарз аз музди меҳнат дар соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти вилоят

altСанаи 5 майи соли ҷорӣ дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят тибқи дастуру супориши Раиси вилоят таҳти сарварии муовини Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ бо иштироки васеи роҳбарони сохторҳои дахлдор, аъзои комиссияи вилоятӣ оид ба чораҳои бартараф намудани қарз аз музди меҳнат дар соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти вилоят, масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят ҷаласаи машваратӣ баргузор гардид.

Дар ҷаласа масъалаи оиди сари вақт пардохтани қарз аз музди меҳнат ва ҷараёни бартараф намудани он дар соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти вилоят мавриди муҳокима қарор гирифт.

Сардори Раёсати хадамоти давлатии назорат дар соҳаи меҳнат, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилоят  Абдулатиф Қодирӣ оид рафти пардохти музди меҳнат ва мавҷуд будани ҳолатҳои сари вақт пардохт нагардидани маоши кормандон дар корхонаҳои алоҳидаи вилоят маълумот дод.

Аз ҷумла, қайд карда шуд, ки барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар соҳаҳои меҳнат, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ нисбати 8 нафар роҳбарони корхонаю муассисаҳо парвандаи маъмурӣ оғоз карда, дар ҳаҷми 8,1 ҳазор сомонӣ ҷарима баста шудааст.

Муовини Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ аз муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо, ки дар коргоҳҳояшон қарзи музди меҳнат доранд, пурсиш ба амал оварда, масъулинро вазифадор кард, ки барои роҳ надодан ба қарзи музди меҳнат ва сари вақт пардохтани он тадбирҳо андешанд.

Мақолаҳои боқимонда...

Страница 1 из 6

<< Ибтидо < Пешина 1 2 3 4 5 6 Минбаъда > Интиҳо >>