Маҷлиси васеи назди муовини Раиси вилоят

Рейтинги истифодабарандагон: / 0
БадтаринБеҳтарин 

altСанаи 27 сентябри соли 2016 маҷлиси васеи машваратии назди муовини Раиси вилоят бо иштироки масъулини сохторҳои иқтисоди вилоят ва шаҳру ноҳияҳо доир гардид.

Дар ҷаласа рафти иҷроиши воридоти андозҳои давлатӣ, суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, фаъолияти комиссияи вилоятӣ оид ба бартараф намудани қарз аз музди меҳнат дар соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти вилоят, рафти иҷроиши Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ ва таҳлили фаъолияти марказҳои таълимии истеҳсолии адрасу атласбофӣ дар шаҳру ноҳияҳо, вазъи муҳоҷирати дохилиихтиёрӣ ва экологӣ дар вилоят, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар рафти ҷаласа ахбороти сардори Раёсати андоз дар вилоят Бахтиёр Султон ва сардори Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд Бобозода А.Ғ. оид ба рафти иҷрои нақшаи воридоти андозҳои давлатӣ, суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, сардори Раёсати минтақавии рушди иқтисод ва савдо Абдуллоев Ш.Б. оид ба бартараф намудани қарзи музди меҳнат ва пардохти саривақтии он,  ва сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилоят Шарифӣ З.Ш. оиди вазъи муҳоҷирати дохилиихтиёрӣ ва экологӣ дар вилоят шунида шуд.

Муовини Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ вобаста ба ахборотҳои пешниҳодгардида аз муовини раисони шаҳру ноҳияҳо оид ба иқтисодиёт ва сохторҳои марбутаи вилоятӣ ва шаҳру ноҳияҳо, пурсишҳо ба амал бароварда, оиди бартараф намудани норасогиҳои ҷойдошта супоришҳои мушаххас дод.

Аз ҷумла, сабаб ва омилҳои иҷро нагардидани нақшаи воридоти суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар шаҳру ноҳияҳои Ашт, Бобоҷон Ғафуров, Бӯстон, Гулистон, Деваштич, Зафаробод, Истаравшан, Исфара, Конибодом, К.Мастчоҳ, Мастчоҳ, Панҷакент, Спитамен, Хуҷанд, Шаҳристон  ва мавҷуд будани бақияи қарзи музди меҳнати кормандон дар шаҳру ноҳияҳои Ашт, Бобоҷон Ғафуров, Гулистон, Мастчоҳ, Панҷакент, Ҷаббор Расулов ва Бӯстон, номунтазам фаъолият намудани баъзе аз марказҳои таълимию истеҳсолӣ ва ҷиҳати иҷроиши қарори Раиси вилоят аз 19 декабри соли 2013, №295 “Дар бораи тасдиқ намудани нақшаи миёна мӯҳлати муташаккилона кӯчонидани муҳоҷирони экологии вилоят барои солҳои 2014-2016”  ва аз 26 ноябри соли 2015, № 520 “Дар бораи муҳоҷирати дохилии аҳолӣ аз ноҳияҳои камзамин ва сераҳолии кӯҳистон ба водиҳои дорои заминҳои бекорхобидаи вилоят барои солҳои 2016-2018” аз масъулон пурсиш ба амал оварда шуд.