Ташрифи Ансамбли давлатии академии тарона ва рақси «Россия» ба вилоят (11-13 декабри 2016)

Рейтинги истифодабарандагон: / 0
БадтаринБеҳтарин 

alt

Бахшида ба 75-солагӣ аз шурӯи ҳуҷуми ҷавобии Артиши Сурх дар атрофии Москва (соли 1941) санаҳои 11-13 декабри соли ҷорӣ ҳайати Ансамбли давлатии академии тарона ва рақси «Россия» ба номи Людмила Зикина ба вилоят ташриф оварданд.

Дар оғози сафари худ ба вилоят ҳайати меҳмонон аз маконҳои таърихии вилоят, аз ҷумла МД «Қасри маданияти Арбоб», Регистони Панҷшанбе, Маҷмааи таърихию фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд» дидан намуда, аз таърихи бойи мардуми тоҷик ва меҳмондӯстиву фарҳанги воло ошноӣ пайдо намуданд.

Сипас нимаи дуюми рӯзи 12 декабр дар МД «Кохи Рӯдакӣ» консерти бошукӯҳ дар иҷрои ҳунармандони ансамбли мазкур баргузор гардид, ки писанди иштирокдорон гардид.

Бояд зикр намуд, ки ба ҳайати мазкур инчунин ду нафар ҳунармандони халқии Федератсияи Россия Надежда Кригина ва Василий Овсянников шомил буданд.