Ҷаласаи мушовараи Раёсати минтақавии рушди иқтисод ва савдои вилоят

Рейтинги истифодабарандагон: / 0
БадтаринБеҳтарин 

Санаи 2 феврали соли ҷорӣ, таҳти сарварии сардори Раёсати минтақавии рушди иқтисод ва савдои вилоят Абдуллозода Ш.Б. дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҷаласаи мушовараи Раёсати минтақавии рушди иқтисод ва савдои вилоят оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои соли 2016 баргузор гардид.

Дар ҷаласаи мазкур мудирони шӯъбаю бахш, мутахассисони Раёсати минтақавии рушди иқтисод ва савдои вилоят ва мудирони шӯъбаю бахшҳои иқтисод ва савдои  шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок намуданд.

Дар ҷаласа ду масъала мавриди баррасӣ қарор дода шуд:

1. Баррасии натиҷаҳои фаъолияти Раёсат ва шӯъбаю бахшҳои рушди иқтисод ва савдои шаҳру ноҳияҳо;

2. Дар доираи иҷрои қарори Раиси вилоят аз 27 январи соли 2017, №28 «Дар бораи Дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд барои соли 2018 ва параметрҳои  асосии Дурнамо барои солҳои 2019-2020» дастурдиҳӣ ҷиҳати таҳияи дурнамо.

Аз рӯи масъалаи якум ҳисоботи Раёсат ва шӯъбаҳои иқтисод ва савдои шаҳру ноҳияҳои Бӯстон, Зафаробод, Спитамен ва Исфара оид ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2016 шуниа шуд.  Сипас, фаъолияти шӯъбаю бахшҳо аз ҷониби сардори Раёсат мавриди таҳлил қарор дода шуда, бурду бохтҳо баҳогузорӣ карда шуд.

Ҳамзамон, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ошкоргардида дар соли 2016  вазифаҳо гузошта шуда, оид ба иҷрои саривақтӣ ва босамари вазифаҳо дар соли 2017 дастур дода шуд.

Аз рӯи масъалаи дуюм, аз ҷониби кормандони Раёсат оид ба таҳияи Дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо барои соли 2018 ва параметрҳои асосии Дурнамо барои солҳои 2019-2020  дастурҳо дода шуд.

Дар анҷоми ҷаласа Сардори Раёсат Абдуллозода Ш.Б.  ба масъулон таъкид намуд, ки дар соли 2017  корбариро дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паём ба Маҷлиси Олӣ бармеоянд ва  вазифагузориҳое, ки аз ҷониби Раиси вилоят оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд дар соли 2016 ва вазифаҳо барои соли 2017 баён гардидааст, ба роҳ монда, ҷиҳати татбиқи саривақт ва босамар таъмин намудани вазифаҳои гузошташуда чораҳои зарурӣ андешанд.

Аз ҷумла:

1. Дар маҳал татбиқ намудани самтҳои сиёсати дохилию хориҷӣ, ки дар Паёми имсола Сарвари давлат зикр намуданд;

2. Иҷрои саривақтӣ ва босифати нақшаи буҷетҳои давлатию маҳаллӣ;

3. Татбиқи амалии лоиҳаҳои афзалиятнок дар доираи иҷрои Барномаҳои қабулшудаи минтақавию соҳавӣ, инчунин тавсеаи ҳамкориҳои давлат бо бахши хусусӣ;

4. Афзунгардонии ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, таъсиси корхонаю коргоҳҳои нав бо истифода аз технологияҳои инноватсионӣ ва таъсиси ҷойҳои нави кории мутобиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ;

5. Таҳкими рушди босуботи соҳаи кишоварзӣ, танзими истифодаи замин, ҳарчӣ бештар ба шуғл фаро гирифтани аҳолии деҳот ва дар ин замина таъмин намудани амнияти озуқаворӣ;

6. Бо мақсади дарёфти манбаҳои иловагии андозбандӣ корбарӣ ҷиҳати истифодаи самаранок ва инкишофи инфрасохтори сайёҳӣ, беҳтар кардани сифати хизматрасонӣ ва дастгирии сайёҳии дохилию хориҷӣ бо роҳи ҷалби сармоя ва тайёр намудани кадрҳои тахассусноки соҳа;

7. Бо мақсади коҳиш додани таъсири омилҳои беруна ба иқтисодиёти вилоят таъмин намудани рушди бонизоми системаи бонкӣ ва ҷалби бештари маблағҳои қарзӣ ба соҳаҳои соҳибкории истеҳсолӣ;

8. Корбарӣ дар самти таъмини шуғли босифат, ба шуғл фаро гирифтани ҳамаи қишрҳои ҷомеъа, бахусус занҳо, ошкор намудан ва ба ҳисоботҳо фаро гирифтани шуғли ғайрирасмӣ, инчунин тақвияти касбомӯзӣ дар равияи эҳёи ҳунарҳои миллӣ.

Дар хотима, аз ҷониби Сардори Раёсат ба кормандони Раёсат ва мудирони шӯъбаю бахшҳои шаҳру ноҳияҳо барои бо дастовардҳои назаррас таҷлил намудани 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо нишондиҳандаҳои баланд ҷамъбаст намудани соли 2016 изҳори сипос намуда, ҷиҳати ноил гардидан ба комёбиҳои зиёд дар соли 2017 ва дар сатҳи баланди фарҳангию сиёсӣ таҷлил намудани рӯзҳои таърихӣ, яъне 20-солагии рӯзи Ваҳдат ва 25-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ ба ҳамагон барори кор орзу намуд.