Семинари дастурдиҳӣ оид ба таҳияи дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят барои соли 2018-2020

Рейтинги истифодабарандагон: / 0
БадтаринБеҳтарин 

altСанаи 13 феврали соли 2017 дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд аз тарафи гурӯҳи кории Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҷиҳати расонидани кӯмаки методӣ оид ба таҳияи дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд барои соли 2018 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2019-2020 бо иштироки роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, муовини раисони шаҳру ноҳияҳо (сарпарасти соҳа) ва мудирони шӯъба ва бахшҳои иқтисод ва савдо семинари дастурдиҳӣ  гузаронида шуд. Дар кори семинар муовини Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ иштирок ва суханронӣ намуд.

altДар оғоз аз ҷониби роҳбари гурӯҳи корӣ Бурҳонзода Зафарҷон оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2016 маълумот дода шуда, баҳри таъмини нақшаҳои пешбинигардида дар самтҳои афзалиятноки рушд дар соли 2017 дастуру маслиҳатҳо пешниҳод карда шуданд.

Сармушовири Вазорат оид ба макроиқтисодиёт Баҳронов Р. Б.  оид ба тартиби таҳияи дурнамо ва навовариҳои воридкардашуда маълумот дода, ҷиҳати саривақт ва босифат таҳия ва пешниҳод намудани дурнамо ба масъулони таҳияи дурнамо дастур дод.