Чораҳои бартараф намудани қарз аз музди меҳнат дар соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти вилоят

Рейтинги истифодабарандагон: / 0
БадтаринБеҳтарин 

altСанаи 5 майи соли ҷорӣ дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят тибқи дастуру супориши Раиси вилоят таҳти сарварии муовини Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ бо иштироки васеи роҳбарони сохторҳои дахлдор, аъзои комиссияи вилоятӣ оид ба чораҳои бартараф намудани қарз аз музди меҳнат дар соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти вилоят, масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят ҷаласаи машваратӣ баргузор гардид.

Дар ҷаласа масъалаи оиди сари вақт пардохтани қарз аз музди меҳнат ва ҷараёни бартараф намудани он дар соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти вилоят мавриди муҳокима қарор гирифт.

Сардори Раёсати хадамоти давлатии назорат дар соҳаи меҳнат, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилоят  Абдулатиф Қодирӣ оид рафти пардохти музди меҳнат ва мавҷуд будани ҳолатҳои сари вақт пардохт нагардидани маоши кормандон дар корхонаҳои алоҳидаи вилоят маълумот дод.

Аз ҷумла, қайд карда шуд, ки барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар соҳаҳои меҳнат, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ нисбати 8 нафар роҳбарони корхонаю муассисаҳо парвандаи маъмурӣ оғоз карда, дар ҳаҷми 8,1 ҳазор сомонӣ ҷарима баста шудааст.

Муовини Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ аз муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо, ки дар коргоҳҳояшон қарзи музди меҳнат доранд, пурсиш ба амал оварда, масъулинро вазифадор кард, ки барои роҳ надодан ба қарзи музди меҳнат ва сари вақт пардохтани он тадбирҳо андешанд.