Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни сохтмони як қатор иншооти гуногун дар шаҳри Хуҷанд

Рейтинги истифодабарандагон: / 0
БадтаринБеҳтарин 

Рӯзи якшанбеи 12 август Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар маркази вилоят – шаҳри Хуҷанд бо ҷараёни сохтмони як қатор иншооти гуногун шинос гардид.

Раиси вилоят нахуст ба Маркази техникии Идораи телевизион ва радиои вилояти Суғд ташриф овард ва рафти сохтмони бинои иловагии телевизионро мавриди таваҷҷуҳ қарор дода, барои тезонидани суръати корҳои сохтмонӣ ва кабудизор намудани атрофи бино ба масъулин супоришҳои мушаххас дод. Бинои иловагии дуошёна дар назди Маркази техникии Идораи телевизион ва радиои вилоят бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бунёд гардида, барои фаъолияти кормандон шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда мешавад. Соли ҷорӣ хонандагону омӯзгорони гимназияи рақами якуми шаҳри Хуҷанд соҳиби бинои хуштарҳу замонавӣ мегарданд. Бинои сеошёнаи таълимӣ дорои 31 синфхона ва маҷлисгоҳу ошхона мебошад ва барои 640 хонанда пешбинӣ гардидааст. Фармоишгари иншоот Идораи сохтмони асосии вилоят буда, пудратчиён ҶДММ “Сохтмончӣ-1” ва ҶДММ “Юсуф-2016” мебошанд. Зимни шиносоӣ бо рафти сохтмони бинои таълимӣ Раиси вилоят ба масъулин барои бо сифати баланд ва дар муҳлати пешбинишуда ба истифода додани бино дастуру супоришҳои мушаххас дод. Дар ҳамин мавзеъ Раиси вилоят бо рафти таъмиру навсозии Қасри ҷавонони ба номи Лоиқ Шералӣ ошно шуд. Қасри мазкур, ки макони асосии машғулият ва баргузории чорабиниҳои ҷавонон мебошад, дар вазъияти ногувор қарор дошт ва бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят навсозӣ карда мешавад. Айни замон барои анҷоми корҳои сохтмонӣ мутахассисони ҶДММ “Шаҳрсохтмон” ба кор ҷалб гардидаанд. Дар идомаи боздиди корӣ Раиси вилоят бо ҷараёни корҳои навсозии меҳмонхонаи “Ленинобод”, рафти барқарорсозии Қалъаи Хуҷанд ва сохтмони корхонаи “КМС шаҳри Хуҷанд” дар Минтақаи озоди иқтисодии "Суғд" шинос гардида, барои вусъати корҳо дар иншооти зикршуда ба масъулин дастуру супоришҳо дод.