Нишасти матбуотӣ дар нимсолаи якум соли 2018

Рейтинги истифодабарандагон: / 0
БадтаринБеҳтарин 

Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо нишасти матбуотӣ бо иштироки намояндагони воситаҳои ахбори омма баргузор гардид.

Дар ҷаласаи номбурда Вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода ва муовинони Вазир, роҳбарони воҳидҳои сохтории вазорат ва муассисаҳои зертобеъ ширкат варзиданд. Дар оғози нишасти матбуотӣ аз ҷониби Вазири рушди иқтисод ва савдо роҷеъ ба натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ ва фаолияти Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар нимсолаи якуми соли 2018 гузориши мухтасар пешниҳод карда шуд. Инчунин дар ҷараёни чорабинӣ аз ҷониби роҳбарият ва сардорони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии вазорат ба суолҳои хабарнигорони воситаҳои ахбори омма оид ба масъалаҳои гуногуни иқтисодию иҷтимоии кишвар посухҳои муфассал гардонида шуд. Дар рафти ҷаласа масъалаҳои мухталифи иқтисодию иҷтимоӣ, аз ҷумла сабабҳои коҳишёбии истеҳсоли алюминийи аввалия ва дурнамои истеҳсоли он, содироти навъҳои гуногуни маҳсулоти дар кишвар истеҳсолшаванда, ҷалби сармоягузории хориҷӣ, таъмин ва фаъолияти бозорҳои наздисарҳадӣ ва рушди онҳо ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.