13 июн Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҷиҳати шиносоӣ бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ ба ноҳияи Зафаробод сафар намуд.
Ёдовар бояд шуд, ки ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Зафаробод сохтмони 400 иншооти таъиноташон гуногун ба нақша гирифта шудааст. Бо дастгириҳои Ҳукумати мамлакат, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва азму талоши роҳбарият ва сокинони ноҳия аз оғози соли 2018 то имрӯз 134 иншоот мавриди истифода қарор гирифта, сохтмони даҳҳо иншооти дигар ҷараён дорад. Read more

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари кории худ ба ноҳияи Ҷаббор Расулов, ки рӯзи 9 июн сурат гирифт, бо фаъолияти боғпарварони хоҷагии деҳқонии ба номи Ҷаббор Расулов шинос гардид.
Бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни таърихии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов сохтмони беш аз 300 иншооти гуногун ба нақша гирифта шудааст.


