Соҳаи кишоварзӣ соҳаи калидии иқтисодиёт ба ҳисоб рафта, таъмини иҷрои ҳадафҳои асосии рушди мамлакат, аз ҷумла, таъмин намудани амнияти озуқаворӣ ва дастрасӣ ба ғизои хушсифат, ноил гардидан ба саноатикунонии босуръати иқтисодиёт, таъмини шуғли пурмаҳсул ва ба ин васила дастёб шудан ба Ҳадафи олии рушди Тоҷикистон – таъмини ҳаёти арзанда ба ҳар як сокини кишвар, маҳз ба рушди соҳаи кишоварзӣ такя мекунад.
Рушди соҳаҳои анъанавии саноати коркард, бахусус саноати хӯрокворӣ ва сабук бевосита бо заминаи ашёи хоми соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла, пахта, чигит, ғаллагиҳо ва меваю сабзавот ҳамбастагӣ дорад. Тайи солҳои охир дар натиҷаи андешидани чораҳои саривақтӣ ва амалисозии Барномаҳои соҳаи кишоварзӣ рушди бемайлони соҳа таъмин гардида истодааст.
Ҳаҷми маҷмӯии маҳсулоти истеҳсолгардидаи соҳаи кишоварзӣ дар соли 2018 ба 8,1 млрд. сомонӣ ва суръати афзоиш бо нархҳои муқоисавӣ 105,2 фоиз расонида шуда, ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2017 ба маблағи 969,1 млн. сомонӣ ва нисбат ба соли 2014 ба маблағи 2,4 млрд. сомонӣ афзоиш ёфтааст.
Аз миқдори умумии маҳсулоти истеҳсолгардидаи соҳаи кишоварзӣ дар соли 2018 75,4 фоиз ё 6,1 млрд. сомонӣ ба соҳаи растанипарварӣ ва 24,6 фоиз ё 1,98 млрд. сомонӣ ба соҳаи чорводорӣ мансуб мебошад.
Бо мақсади расидан ба ҳадафҳои рушди мамлакат ва иҷрои муқаррароти Барномаҳои давлатӣ дар соҳаҳои саноату кишоварзӣ, баҳри таҳкимбахшии заминаи ашёи хоми соҳаи саноати коркард ва таъмини якмароми бозори истеъмолии вилоят бо маҳсулоти тару тозаи истеҳсоли ватанӣ, инчунин таъмини содироти маҳсулот, дар соли 2018 аз ҳисоби кам кардани майдони кишти ғалладонагиҳо майдони кишти пахта ва сабзавоту картошка афзоиш дода шуд. Аз ҷумла, дар соли 2018 нисбат ба соли 2017 майдони кишти ғалладонагиҳо 6,6 ҳазор гектар кам карда шуда, майдони кишти пахта 6,4 ҳазор гектар, сабзавот 1,6 ҳазор гектар ва картошка 4,9 ҳазор гектар васеъ карда шуд.
Дар ин замина афзоиши ҳаҷми истеҳсоли сабзавоту картошка таъмин гардида, дар маҷмӯъ 416,0 ҳазор тонна картошка ва 517,9 ҳазор тонна сабзавот истеҳсол карда шуд, ки нисбати соли қаблӣ мутаносибан 91,1 ва 37,4 ҳазор тонна зиёд мебошад. Ба номусоидии боду ҳаво дар аввали баҳор ва якбора гарм шудани ҳаво дар давраи нашъунамои пахта нигоҳ накарда дар соли 2018 ба миқдори 110,3 ҳазор тонна ҳосили гаронбаҳои пахта ҷамъоварӣ карда шуд.
Рушди соҳаи чорводорӣ ба таъмини амнияти озуқавории кишвар, бахусус ба дастрасии аҳолӣ ба ғизои солим аз қабили гӯшт, шир ва тухми парранда таъсири бевосита дорад. Новобаста аз он, ки ҳиссаи соҳаи чорводорӣ дар ташаккули маҷмӯӣ маҳсулоти кишоварзии вилоят тайи солҳои охир коҳиш ёфта истодааст, дар соли 2018 бо дода шудани имтиёзҳо ба соҳаи паррандапарварӣ саршумори парранда дар вилоят нисбат ба соли 2017 зиёда аз 1,0 млн. сар афзуда, ба 2,77 млн. сар расонида шуд. Саршумори бузу гӯсфанд нисбат ба соли 2017 ба 29,2 ҳазор сар ва нисбат ба соли 2014 ба 171,7 ҳазор сар афзудааст.
Тайи солҳои охир коҳиш ёфтани базаи хӯроки чорво ва бо сабаби баланд шудани арзиши аслии хӯроки омехта, кунҷора ва сабӯсу пасмондаҳои гандум аз ҳисоби болоравии нархи ашёи хом ба монанди гандуму пахта, ба таъмини рушди босуръати соҳаи чорводорӣ як қадар монеа эҷод намуд. Бо назардошти ин омилҳо ва баҳри таъмини рушди соҳаи чорводорӣ як зумра Барномаҳои давлатию соҳавӣ қабул гардида, мавриди амал қарор дода шуданд. Дар натиҷа, вазъи соҳа тадриҷан беҳтар карда шуда, афзоиши саршумори чорвои калони шохдор, аз ҷумла модагов сол аз сол бештар таъмин гардида истодааст, ки ин бевосита ба афзоиши ҳаҷми истеҳсоли гӯшту шир мусоидат хоҳад кард. Дар соли 2018 нисбат ба соли қаблӣ саршумори чорвои калони шохдор 13,1 ҳазор сар, аз ҷумла модагов 8,4 ҳазор сар зиёд карда шуда, ҳамагӣ саршумор ба 644,1 ва 347,4 ҳазор сар баробар шудааст.
Дар соли 2018 ҳаҷми истеҳсоли гӯшти чорвою парранда 56,5 ҳазор тонна, шир 264,9 ҳазор тонна ва тухм 222,7 млн. дона расонида шуд, ки нисбат ба соли қаблӣ мутаносибан 1,9 ҳазор тонна, 9,3 ҳазор тонна ва 55,2 млн. дона зиёд мебошад.