Молия ва андоз

Дар натиҷаи иҷрои саривақтии вазифаҳои муайянгардида, густариши ислоҳоти иқтисодӣ ва истифодаи самараноки маблағҳои буҷетӣ муяссар гардид, ки рушди бонизоми иқтисодии вилоят ҳамчун қисми таркибии иқтисодиёти миллӣ таъмин гардад. Дар соли 2018 ҳаҷми маблағҳои воридшуда ба буҷети давлатӣ 2144,7 млн. сомониро ташкил дода, афзоиш нисбат ба соли қаблӣ 291,8 млн. сомонӣ ва нисбат ба соли 2014 ба 1000,8 млн. сомонӣ расонида шудааст.

Сари вақт ва барзиёд таъмин гардидани нақшаи воридоти андозҳо ба буҷет барои татбиқи босамари барномаҳои давлатию минтақавӣ ва иҷрои ӯҳдадориҳои иҷтимоии давлат заминаи мусоид фароҳам меоварад.

Дар ин давра ба буҷети маҳаллии вилоят ҳамагӣ 1722,4 млн. сомонӣ ворид гардидааст, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли 2017 ба маблағи 114,5 млн. сомонӣ ва нисбат ба соли 2014 ба маблағи 649,4 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Барзиёдиҷрошавии нақшаи воридоти андозҳо ба буҷети маҳаллӣ барои таъмини рушди иҷтимоию иқтисодии маҳал, бахусус бунёди иншоотҳои иҷтимоию истеҳсолӣ ва ташкили корҳои ободонию кабудизоркунӣ такони ҷиддӣ мебахшад. Тайи солҳои охир тақвият ёфтани раванди корҳои бунёдкориву созандагӣ бо маблағгузории буҷети вилоят ва шаҳру ноҳияҳо аз иҷро гардидани вазифаҳои гузошташуда дар самти таъмини рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва пойдории суботи макроиқтисодии вилоят дарак медиҳад.

Сол аз сол афзоиш ёфтани ҳаҷми маблағҳои воридшуда ба буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ба беҳтар гардидани вазъи шуғлнокии аҳолӣ рабт дошта, барои пардохти саривақтии нафақаю кӯмакпулиҳо мусоидат менамояд. Дар соли 2018 ба буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 702,1 млн. сомонӣ ворид шудааст, ки нисбат ба соли 2017 ба маблағи 51,5 млн. сомонӣ ва нисбат ба соли 2014 ба маблағи 191,5 млн. сомонӣ зиёд аст.

Дар соли 2018 шумораи умумии нафақагирон ба 219437 нафар ва андозаи миёнаи нафақа ба 296,90 сомонӣ баробар шудааст, ки нисбат ба соли 2017 мутаносибан 5039 нафар ва 38,00 сомонӣ зиёд мебошад. Нисбат ба соли 2014 шумораи нафақагирон 24537 нафар ва нишондиҳандаи миёнаи нафақа 81,40 сомонӣ афзудааст.