Савдои дохилию хориҷӣ

Таъмин гардидани афзоиши бомароми нишондиҳандаҳои савдои яклухту чакана ва хизматрасонии пулакӣ бозгӯи дар мувозина қарор доштани бозори истеъмолӣ ва тадриҷан беҳтар гардидани сатҳи некуаҳволии аҳолии вилоят мебошад. Дар соли 2018 ҳаҷми умумии гардиши савдои яклухту чакана ба 11,1 млрд. сомонӣ расонида шуда, суръати афзоиш 119,4 фоиз таъмин гардид. Ин нишондиҳанда нисбат ба соли қаблӣ 1,8 млрд. сомонӣ ва нисбат ба соли 2014 ба маблағи 5,6 млрд. сомонӣ зиёд мебошад.

Ҳаҷми умумии хизматрасонии пулакӣ  дар ҷамъбасти соли 2018 ба 3,5 млрд. сомонӣ ва суръати афзоиш ба 105,3 фоиз расонида шуда, новобаста аз таъсири бӯҳрони молиявии тайи солҳои охир тӯлкашида рушди муназзами соҳа таъмин карда шуд. Афзоиши ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ нисбат ба соли 2017 ба маблағи 177,8 млн. сомонӣ ва нисбат ба соли 2014 ба маблағи 621,9 млн. сомонӣ ба ҳисоб гирифта шудааст.

Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилоят дар соли 2018 ба 2015,7 млн. доллари ИМА, аз ҷумла воридот ба 1455,9 млн. ва содирот ба 559,8 млн. доллари ИМА баробар шуд. Дар сохтори воридоту содирот тағйиротҳои мусбат ба назар мерасанд. Аз ҷумла, суръати афзоиши содирот нисбат ба воридот зиёд шуда, мутаносибан 110,8 ва 94,2 фоизро ташкил намудааст. Нишондиҳандаи мусбати содирот асосан аз ҳисоби содироти маъдан ва консентрат, семент, нахи пахта ва либосворӣ таъмин гардидааст.

Комёбии назаррас дар самти содирот ба фурӯш баровардани семент ба бозорҳои беруна мебошад. Дар соли 2018 ба миқдори 489,0 ҳазор тонна семент ба маблағи 22,4 млн. доллари ИМА содирот карда шудааст, ки нисбат  ба соли қаблӣ мутаносибан 238,3 ҳазор тонна ва 12,0 млн. доллари ИМА зиёд мебошад.

Дар ин давра дар маҷмуъ 347,6 ҳазор тонна маъдан ва консентрат ба маблағи 399,0 млн. доллари ИМА ба содирот бароварда шуда, ҳиссаи ин намуди маҳсулот дар сохтори содирот ба 71,3 фоиз баробар шудааст.

Инчунин, дар соли 2018 ба маблағи 10,2 млн. доллари ИМА маҳсулоти кишоварзӣ содирот шудааст. Аз ҷумла, ба маблағи 5,0 млн. доллари ИМА ба миқдори 20633 тонна хушкмева ва ба маблағи 3,5 млн. доллари ИМА ба миқдори 76766 тонна пиёз ба бозорҳои беруна бароварда шудааст.

Воридоти намудҳои маҳсулоте, ки имконияти истеҳсолашон дар дохили кишвар мавҷуд мебошад, тадриҷан коҳиш ёфта истодааст. Аз ҷумла, воридоти орд, равғани растанӣ ва гӯшти мурғ нисбати соли сипарӣ мутаносибан 7323 тонна, 17021 тонна ва 5479 тонна кам шуда, дар давраи ҳисоботӣ ба миқдори 49544 тонна орд, 68498 тонна равғани растанӣ ва 3849 тонна гӯшти мурғ ворид гардидааст. Ҳамзамон, дар доираи татбиқи  “Барномаи давлатии мусоидат ба содирот ва воридотивазкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” истеҳсоли ин намудҳои маҳсулот дар дохили вилоят афзоиш ёфта истодааст.