Дар шароити муосир ҷалби сармоягузориҳо ба бахши воқеии иқтисодиёт омили асосии таъмини рушди устувори иқтисодиёт ба ҳисоб меравад. Бо фароҳам овардани муҳити мусоиди инвеститсионӣ ба иқтисодиёти вилоят дар соли 2018 ба маблағи 284,2 млн. доллари ИМА сармоягузории дохилию хориҷӣ ҷалб гардида, дар маҷмуъ нисбат ба соли 2017 суръати афзоиш 129,0 фоизро ташкил дод. Аз ҷумла, дар ҳаҷми 21,8 млн. доллари ИМА сармоягузориҳои дохилӣ ва 262,4 млн. доллари ИМА сармояи хориҷӣ ба соҳаҳои иқтисодиёти вилоят равона карда шуд.
Ба санаи 1 январи соли 2019 миқдори лоиҳаи инвеститсионии амалӣ шудаистода ба 25 адад расонида шуда, аз аввали татбиқи ин лоиҳаҳо 369,7 млн. доллари ИМА маблағҳо аз худ карда шуда, дар моҳҳои январ-декабри соли 2018 ин рақам ба 61,6 млн. доллари ИМА баробар шуд.