Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафари кории худ ба ноҳияи Зафаробод, ки рӯзи 13 июн сурат гирифт, бо фаъолияти хоҷагидорони хоҷагии деҳқонии “Камола” шинос гардид.
Чуноне зимни шиносоии Раиси вилоят иттилоъ дода шуд, хоҷагии деҳқонии “Камола” аз ҷумлаи хоҷагиҳои пахтакори ноҳия маҳсуб ёфта, соли 2014 ташкил шудааст. Замини саҳмдорони хоҷагӣ 10 гектар буда, дар он пахтаи навъи хитоӣ кишт карда шудааст.
Раиси вилоят ҳангоми боздид аз пахтазори хоҷагӣ бо кишоварзон суҳбат намуда, барои сари вақт гузаронидани корҳои агротехникӣ тавсияҳои муфид дод.
Сипас, Раиси вилоят бо фаъолияти фермаи чорвои хушзоти хоҷагии деҳқонии “Зарафшон-2012” ва фермаи парвариши чорвои хурди Ҷамоати деҳоти Равшан ошно шуда, барои бештар намудани саршумори чорво ва зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли шир ва гӯшт ба масъулин дастуру супоришҳо дод.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд