21 июни соли 2019 дар иншоотҳои Муассисаи давлатии Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд маросими ифтитоҳии Ярмаркаи VI байналмилалии савдо “Суғд-2019” баргузор шуд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронии худ кулли меҳмонон ва иштирокдорони Ярмаркаи VI байналмилалии савдо “Суғд-2019”-ро ба вилояти Суғд хайрамақдам гуфта, таъкид кард, ки чорабинии мазкур бо мақсади рушди ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, баланд бардоштани нерӯи содиротӣ ва ҷалби сармоягузориву воридоти технологияҳои муосир, тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба ва бисрёҷониба бо кишварҳои гуногуни олам ва шарикони рушд бори шашум аст, ки гузаронида мешавад. Read more