Санаҳои 23-27 июли соли равон гурӯҳи корӣ бо роҳбарии Мӯсобек Мироватов — Раиси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилоят ҷиҳати омодагии муассисаҳои таълимӣ ба шаҳрҳои Исфара, Конибодом ва Хуҷанд сафари корӣ анҷом дода шуд. Дар рафти сафари гурӯҳи корӣ маълум гардид, ки роҳбарони муассисаҳо то ба имрӯз корҳои назаррасро ба анҷом расонидаанд. Соли ҷорӣ бинобар паҳн гардидани пандемияи коронавирус КОВИД — 19 таътил дар муассисаҳо пеш аз вақти муайян оғоз гардид ва омодагӣ ҷиҳати таъмиру тармими муассисаҳо бармаҳал оғоз шуд. Read more