Саноат

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят иқдоми навбатии Сарвари давлатро бобати эълон намудани саноатикунонии босуръати кишвар, ҳамчун ҳадафи чаҳоруми миллӣ, бо хушнудӣ пазируфта, баҳри таҳкими нуфузи вилоят ҳамчун минтақаи саноатии мамлакат, ба кор андохтани иқтидорҳои нав, роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти нави рақобатноку воридотивазкунанда, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, густариши  иқтидори  содиротии вилоят тамоми захираву имкониятҳоро сафарбар карда истодааст.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар моҳҳои январ-декабри соли 2019 ба 12888,3 млн. сомонӣ расонида шуда, суръати афзоиш бо дарназардошти индекси нархҳо дар сатҳи 112,9 фоизи ҳамин давраи соли сипарӣ таъмин гардид.

Нисбат ба соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли ангиштсанг 46,9 ҳазор тонна ва семент 181,8 ҳазор тонна афзуда, дар соли равон мутаносибан ба 1,8 млн. тонна ва 1,3 млн. тонна расонида шуд.