Дар ноҳияи Зафаробод то имрӯз 134 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шудааст

13 июн Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҷиҳати шиносоӣ бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ ба ноҳияи Зафаробод сафар намуд.

Ёдовар бояд шуд, ки ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Зафаробод сохтмони 400 иншооти таъиноташон гуногун ба нақша гирифта шудааст. Бо дастгириҳои Ҳукумати мамлакат, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва азму талоши роҳбарият ва сокинони ноҳия аз оғози соли 2018 то имрӯз 134 иншоот мавриди истифода қарор гирифта, сохтмони даҳҳо иншооти дигар ҷараён дорад. Read more

Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолияти боғпарварони хоҷагии деҳқонии ба номи Ҷаббор Расулов

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари кории худ ба ноҳияи Ҷаббор Расулов, ки рӯзи 9 июн сурат гирифт, бо фаъолияти боғпарварони хоҷагии деҳқонии ба номи Ҷаббор Расулов шинос гардид.

Бояд гуфт, ки дар ноҳияи Ҷаббор Расулов дар майдони садҳо гектар замин сокинон ба парвариши боғҳои дарахтони олу, хурмо, анор, зардолу ва шафтолу машғуланд, ки аксари ҳосил ба содирот нигаронида шудааст. Read more

Шиносоии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо сохтмони иншооти ҷашнӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни таърихии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов сохтмони беш аз 300 иншооти гуногун ба нақша гирифта шудааст.

Тавре зимни боздиди кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз ноҳияи Ҷаббор Расулов иттилоъ дода шуд, соли гузашта дар ноҳия 92 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифтааст. Имсол бошад роҳбарияти ноҳия ва сокинону фаъолон бунёду ба истифодадиҳии 70 иншооти навро ба нақша гирифтаанд. Read more

1 2 3